Рӯзи ангиштканон муборак!
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август иди касбии кормандони соҳаи ангишт- Рӯзи ангиштканон ҷашн гирифта мешавад. Қобили зикр аст, ки кормандони соҳаи саноати истихроҷи ангишт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то бо меҳнати софдилонаю хизматҳои шоён ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар истеҳсолот бо нишондиҳандаҳои назаррас иди касбии худро ҷашн гиранд. Бо кӯшишу заҳмати кормандони соҳа то имрӯз ба миқдори 183811 тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳо зиёда аз 37 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноати кишвар тамоми кормандони соҳаро бо иди касбии кормандони соҳаи ангишт- Рӯзи ангиштканон табрик намуда, дар фаъолияташон комёбӣ таманно намуд. Дар арафаи ид як гурӯҳ кормандони соҳа барои меҳнати софдилонаю хизматҳои шоён бо тӯҳфаҳои арзанда ва Ифтихорномаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






