Сафари кории Қоҳир Расулзода ба вилояти Боткент

Август 15, 2012 14:02

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба вилояти Бодкенти Ҷумҳурии Қирғизистон сафари корӣ анҷом дод. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки зимни ин сафар масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, марзӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Маврид ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи охирини намояндагони байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон 16-17 июни соли равон дар шаҳри Бишкек ҳамкориҳои вилояти Суғд ва вилояти Бодкент ҳамчун намунаи ҳамкориҳои самаранок зикр шуда буд.

Август 15, 2012 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад