Сафири нави Покистон дар ҳузури Ш. Зуҳуров

Август 22, 2012 14:33

Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн Сиялро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки бо таъин шудани Амҷад Ҳусейн Сиял ба вазифаи сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди муносиботи Исломобод ва Душанбе ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб мекунад. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки мардумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистонро як қатор умумиятҳои муштарак ба ҳам наздик кардааст ва хушбахтона, чунин фазо, ки то имрӯз дар миёни миллати сарбаланди ҳарду кишвар вуҷуд дорад, яке аз омилҳои асосии густариш пайдо кардани ҳамкориҳои муштарак дар ҳамаи арсаҳо гардидааст. Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки раванди муносиботи байнипарлумонии ду кишвари дӯст бояд ба марҳалаи тоза ворид гардида, барои тақвияти ин равобит иқдоми ҷиддитаре рӯи даст гирифта шаванд. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон равобити неку ҳасана ҳукмфармо аст, аз ҷумла муносибати хуби сарони давлатҳои мо заминаи асосиро барои рушди ин ҳамкориҳо ба вуҷуд овардааст. То имрӯз миёни кишварҳои мо 25 санади муҳим, аз қабили Созишнома ва Протоколҳо ба имзо расидаанд ва мо бояд барои мавриди иҷро қарор гирифтани ин санадҳо бештар талош намоем. Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиял саломи раиси парлумони кишварашро ба Шукурҷон Зуҳуров расонида, ҳамзамон изҳор дошт, ки рӯзҳои 3 ва 4 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исломобод конфронси байнипарлумонӣ бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо баргузор мегардад, ки иштироки ду нафар аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс дар назар дошта шудааст. Ин таклиф аз ҷониби раёсати Маҷлиси намояндагон ба хушнудӣ қабул гардид. Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар навбати худ изҳор дошт, ки таъин шудани худ ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистони офтобиро бо хушнудӣ ва ихлоси том қабул кардааст. Амҷад Ҳусейн Сиял Тоҷикистонро хонаи дуввуми худ унвон карда, ҳамчунин таъкид кард, ки қарор аст, ҷониби Покистон дар доираи барномаи имдодрасонии худ ба Тоҷикистон маводи озуқаворӣ кӯмак намояд. Дар анҷоми мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон дар ҳамаи соҳаҳо боз ҳам густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.

Август 22, 2012 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст