Шумораи нафақахӯрон- зиёда аз 560 ҳазор нафар

Август 3, 2012 15:52

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ гузаронида шуда дар моҳҳои январ- июни соли 2012-ум 501046,5 ҳазор сомониро ташкил додааст. Маблағи барои нафақа ва ёрдампулӣ пардохташуда дар моҳи январ-июни соли 2012-ум бо назардошти бақияи аввали сол (25614,4 ҳазор сомонӣ) 515067,7 ҳазор сомониро ташкил дод. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ шумораи нафақахӯрон то ба имрӯз 560993 нафарро ташкил медиҳад.

Август 3, 2012 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш