Таъмири мактабҳо идома дорад

Август 23, 2012 14:29

Тоҷикобод, 23 август. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).-Дар таълимгоҳҳои ноҳияи Тоҷикобод ба соли нави хониш омодагии ҳаматарафа дида мешавад. Ҳоло дар 48 таълимгоҳи ноҳия таъмири ҷорӣ босуръат идома дорад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 258 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби Анҷумани падару модарон 17,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст,- гуфт зимни сӯҳбат мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Зебо Ҳимматова. Баҳри анҷоми босифати таъмир аз тарафи худи коллективи омӯзгорон гурӯҳҳои сохтмонӣ ташкил ёфта, онҳо ният доранд, ки то 25 август таъмири таълимгоҳҳоро ба анҷом расонанд.

Август 23, 2012 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад