Вазъи Хоруғ ором аст

Август 24, 2012 11:37

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Вазъи шаҳри Хоруғ оҳиста-оҳиста ба эътидол меояд. Ҳама донистанд, ки куштори собиқ қумандони мухолифин амали ноҷавонмардонаи тарафи сеюм аст. Тавре ки сардори дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии ВМКБ подполковник Мизроб Доробов иттилоъ дод, рӯзи 23-юми август тамоми ҳарбиёне, ки дар дидбонгоҳҳои муштарак мустақар буданд, қариб 250 нафар дар 9 мошин шаҳри Хоруғро тарк карда, ба қисмҳои ҳарбии хеш баргаштанд. Худи ҳамон рӯз дар толори Раёсати корҳои дохилии вилоят вазири дифои кишвар, генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо фаъолон, депутатҳо, халифаҳо ва дигар нафарони шинохтаи маркази вилоят мулоқоти самимӣ барпо карданд. Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.Дар айни замон бозорҳо, фурӯшгоҳҳо, корхонаву муассисот кор мекунанд ва нақлиёти шаҳр фаъол аст.

Август 24, 2012 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад