Қ. Расулзода: «Ба ҳама гуна иғвою бӯҳтон зарбаи комил мезанем»

Сентябрь 7, 2012 11:00

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо конференсияи илмӣ — амалӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм: вазъият ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят Қоҳир Расулзода иштирок намуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қ. Расулзода зимни суханронӣ дар ин конфронс қайд кард, ки имрӯз ба ҷавонони мо барои таҳсил ва истироҳат кулли шароит фароҳам оварда шудааст, то ин ки онҳо ба ҳар гуна ҳаракатҳои иғвоангезу равияҳои номатлуб ҳамроҳ нагарданд. Мутаассифона, чунин гаравиданҳо аз ҷониби баъзе ашхос ба мушоҳида мерасад, ҳол он ки онҳо насли даврони Истиқлолият ва қувваи ояндасози ҷомеа мебошанд. «Мо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши аҳзоби сиёсӣ, тарбияи насли наврас ҷонибдорӣ карда, ба ҳама гуна иғвою бӯҳтон, экстремизм ва ҷудоихоҳии динию мазҳабӣ бо донишу амали инсонпарварона зарбаи комил мезанем», — изҳор дошт Қ. Расулзода.Шариф Назаров- сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, генерал- майори милитсия, Шариф Қурбонов — прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия ва С. Сайдалиев-сардори Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия дар мавзӯъҳои «Вилояти Суғд дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм: дирӯз ва имрӯз», «Сабабу омилҳои пайдоиши терроризму экстремизм» ва «Ахлоқи терроризм ва коррупсия» маърӯза карданд.

Сентябрь 7, 2012 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст
Оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2040» ҷаласаи корӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст