Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот рў ба афзоиш дорад
Душанбе,14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба 8036886,4 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз зиёд буда, ин афзоиш дар соҳаи растанипарварӣ 11,9 ва чорводорӣ 6,5 фоизиро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар масоҳати 176402 гектар зироати тирамоҳӣ кишт карданд, ки ба 99 фоизи дурнамои пешбинигардида баробар мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Афзоищи кишти такрорӣ Душанбе,14 сентябр.(АМИТ «Ховар»,Зарангез Латифова). -Тибқи маълумоти фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ҷумҳурӣ дар асоси нақша дар майдони 78730 гектар такроран зироати кишоварзӣ кишт мешавад. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то 3.09.12 дар майдони 78006 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки баробари 99,8 фоизи нақша мебошад. Аз ҳисоби умумии кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, майдони 31903 гектарро кишти ғалладонагӣ ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 13654 гектар ҷуворимакка барои дон, 6488 гектар шолӣ ва 11761 гектарро кишти дигар намуди ғалладонагӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар майдони 414 гектар картошка, 7529 гектар сабзавот, 2385 гектар полезиҳо, 1760 гектар зироати техникӣ ва 34586 гектар зироати хӯроки чорво такроран кишт шудааст. Дар айни замон дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






