Ҳафтае бо математикони сатҳи ҷаҳонӣ

Сентябрь 25, 2012 16:17

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Исломободи Чумҳурии Исломии Покистон конфронси байналхалқӣ оид ба мушкилоти имрӯзаи риёзиёт (pure Mathematics) доир шуд, ки дар он намояндагони зиёда аз 47 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон- муаллимони кафедраи информатикаи факултаи механикаю математика иштирок намуданд.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ДМТ иттилоъ доданд, ки дар семинар дар қатори дигар олимони шинохтаи ҷаҳонӣ намояндаи Тоҷикистон дар мавзӯи «Тасвири экстремалӣ-алгебравии ҷараёнҳои реалӣ ва дарахти ададҳои ба онҳо мувофиқ» маърӯзаи илмӣ намуд. Аз натиҷаҳои конфронси байналхалқӣ IPMC-2012 ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки математика дар замони ҳозира ба як воситаи тағйирдиҳии ҷаҳони муосир мубаддал гардидаю бе вай ягон масъалаи зиндагӣ ҳал намешавад. Он олоти идора равандҳо гардидааст.

Сентябрь 25, 2012 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад