Ҳамоиши Рӯдакишиносон

Сентябрь 21, 2012 14:00

Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Бунёди Рӯдакӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои рушди он» ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш мутахассисони соҳа, олимону нависандагони маъруфи кишвар ширкат намуданд. Раиси Бунёди Рӯдакӣ Абдунабӣ Сатторзода перомуни осори гаронмояи устод Рӯдакӣ ва арзишҳои баланди он сухан гуфт. Инчунин дар маҳфил академик Кароматулло Олимов, директори Китобхонаи миллӣ, академик Носирҷон Салимов ва дигарон сухан гуфта, дар атрофи мавзӯи мазкур андешаҳои худро баён намуданд.

Сентябрь 21, 2012 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад