Ҷалби сармоягузорони Британия ба Тоҷикистон
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 4 сентябр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо директори шўъбаи робита бо бахши хусусии Бонки ҷаҳонӣ Найҷел Петерс вохўрӣ доир намуд. Найҷел Петерс ба Душанбе барои омодасозии ҳисобот оид ба вазъ ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. Д. Саидов оид ба ваколату вазифаҳои Кумита маълумот дода, гуфт, ки дастгирии рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ е аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Кумита арзёбӣ мегардад ва дар ин самт корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Ҳамчунин Д. Саидов оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтаргардонии шароити фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар мамлакат ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузорон ба иқтисодиёти сухан гуфт. Қайд шуд, ки Тоҷикистон дорои фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани он ва муҳайёгардонии шароитҳои муносибу муосир барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар мамлакат мунтазам чора меандешад. Дар навбати худ, Найҷел Петерс ҳавасмандии доираи соҳибкорони британиявиро ба соҳаҳои энергетика ва саноати кўҳӣ ифода карда, иброз дошт, ки ҳадаф аз сафари ў суръатбахшии ҳамкорию ҳамгироии доираҳои бахши хусусии Британия ва Тоҷикистон, инчунин муаррифии фазои воқеӣ ва иқтидору имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорони Британияи Кабир мебошад. Дар ин замина ў қайд кард, ки аз натиҷаи сафари мазкур ҳисобот тартиб дода, онро ба доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони бритонӣ пешниҳод хоҳад кард. Ҷонибҳо ҷиҳати ташкили Анҷумани сармоягузорони Британия дар шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






