Ҷамъоварии аслиҳаи оташфишон дар Бадахшон
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Дар шаш моҳи соли равон дар миқёси ВМКБ 137 адад силоҳи оташфишон, ба миқдори 251 адад силоҳу лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, аз ҷумла зиёда аз 100 адад автомати тамғаи Калашников, 6 пулемёт, 22 адад гранатамёт, як адад миномёт, як адад ДШК, як адад силоҳи тамғаи «Зенитка» ва дигар муҳимоти ҷангӣ аз аҳолӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор мусодира шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар вилоят дар ин муддат беш аз 20 ҳазор адад лавозимоти ҷангӣ ва зиёда аз 150 адад маводи тарканда мусодира гардид. Инчунин дар ин давра ду нафар ҷинояткори дар кофтуков қарордошта- шаҳрвандон Шосулаймонов Умед Шосулаймонович, соли таваллудаш 1982, гумонбар бо моддаи 237 қ. 2 ва Бекназаров Матлаб Султонназарович, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Охунҷон, гумонбар бо моддаҳои 111 қ. 2, 237 қ. 3 ва 330 қ. 3 дастгир гардиданд.Ба иттилои манбаъ, номбурдагон дар латукӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мамониат дар иҷрои ҳукми суд даст доранд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






