Ҷашнвораи «Рассомони наврас»
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо дастгирии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов фестивали ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» гузаронида мешавад. Тавре ки сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, мақсади фестивали «Рассомони наврас» аз бедор намудани ҳисси зебоипарастии наврасон, инчунин дастгирии мактаб, студия ва коллеҷҳои санъати тасвирӣ иборат аст.Гузаронидани фестивал дар байни хонандагони мактабҳои рассомӣ бамаврид буда, бо ин роҳ омӯзгорон ва рассомони навраси мактабҳои санъати тасвирӣ, студияҳо асарҳои эҷодкардаи худро метавонанд манзури тамошобинон гардонанд.Ташкилкунандагони асосии фестивал омӯзгорони мактабҳои санъати тасвирӣ мебошанд, ки дар қалби кӯдаконаи рассомони наврас меҳри санъати тасвирӣ, дӯст доштани зебоии кишвари биҳиштосои худ ва қадр кардани Ватану диёрро ҷо додаанд.Маросими кушоиши фестивал 20 сентябр соати 10.00 дар нигористони ба номи Валимад Одинаеви Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов баргузор мегардад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






