21 соли вусъат ва пешрафт
Душанбе, 9 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- «Имрўзҳо Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти давраи ҷаҳонишавӣ ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳот, таъмин намудани самаранокии татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандони мамлакат вазифаҳои асосии ин давраи рушд мебошанд». Ин нукта дар паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид. Президенти кишвар зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар суханронии худ Сарвари Давлат аз дастовардҳои дар тӯли 21 соли соҳибихтиёрӣ бадастомада ёдовар шуда, гуcтариши муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои мутараққии оламро дастоварди бузурги истиқлоли Ватан унвон кард. Ба гуфтаи Президент: «муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни дунё торафт вусъат пайдо карда истодаанд. Вале бояд гуфт, ки кишвари мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз равандҳои олами муосир берун буда наметавонад, зеро асоси густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни давлатҳо ва тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи манфиатҳои муштарак ба вуҷуд оварда мешавад».Эмомалӣ Раҳмон таъкидан иброз дошт, ки чун авзои зудтағйирёбандаву бесуботи ҷаҳони муосир, бӯҳронҳои фарогири молиявию иқтисодӣ ва дигар проблемаҳои глобалӣ, аз ҷумла гармшавии иқлими сайёра ва мушкилоту проблемаҳои бо он вобаста моро водор месозанд, ки ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаамон оқилонаву самаранок истифода намоем, сарфаю сариштакор бошем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани илму дониш, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кунем.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






