Анҷумани тақдирсоз
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар»,Фирӯза Давлатова). — 25 октябри соли ҷорӣ дар Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Аҳамияти иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар барқарорсозии давлати дунявӣ» баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки баргузории ин конфронс дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин ба конфронс мавзӯъҳои – «Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати омӯзиши вижагии ташаккули давлати дунявӣ дар ҶТ», «Хусусиятҳои идеологӣ ва ҳуқуқии низоми сиёсии дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаи машрӯъияти асли дунявият дар андешаи исломӣ» пешниҳод гардидаанд, ки хоҳишмандон метавонанд дар доираи яке аз мавзӯъҳо сухан гуфта, фишурдаи маърӯзаро бо зикри ному насаб ва ҷойи кор то 15 октябр ба Кумитаи тадорукоти конфронс ирсол намоянд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






