Баррасии масъалаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти тоҷирони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки тоҷирони Эрон тайи як ҳафта дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон бо тоҷирони кишвар якчанд мулоқот доир намуданд. Раиси ПСС Шариф Саид иброз намуд, ки ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мустаҳкам гардида, бисёр созишномаҳои ҳамкорӣ низ ба имзо расидаанд. Мақсади асосии баргузории чорабинии имрӯза — густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва пеш аз ҳама гузаштан аз назар ба амал аст. Вай гуфт: «Ман хоҳиш менамоям, ки дар соли оянда, яъне моҳи майи соли 2013 намоиши молҳои саноатии вилояти Хуросони Шимолӣ дар Тоҷикистон гузаронида шавад». Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2011-ум 204,2 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки назар ба соли 2010 ба андозаи 101,5 % афзоиш ёфтааст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






