Бизнес-форуми Тоҷикистону Олмон
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон 6 сентябри соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мзкур иттилоъ доданд, дар рафти Бизнес-форум бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон, пофессор Райнер Линднер масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷӯҳи бештар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона гардид. Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва дастгирии Вазорати федеролии иқтисод ва технологияи Олмон, Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ва Агентии энергетикии Олмон сурат гирифт. Дар Бизнес-форум намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ширкатҳои маъруфи энергетикӣ, сармоягузорӣ ва муассисаҳои молиявии Олмон иштирок намуданд. Дар рафти ҳамоиш лоиҳаҳои мухталиф оид ба таҳкими муносибатҳо миёни соҳибкорони Тоҷикистону Олмон муаррифӣ гардиданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






