Cафари «Рустам ва Сӯҳроб» ба Ялта

Сентябрь 6, 2012 13:46

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 11 то 17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ялтаи Украина V-умин Фестивали байналмилалии «Театр. Чехов. Ялта» бо ҷалби беҳтарин намоишномаҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Дар фестивал ҳайати театрҳои Австралия, Бразилия, Миср, Исроил, Эрон, Испания, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Уругвай, Фаронса ва Чехия ширкат меварзанд.Дар ин ҷашнвораи бошукӯҳи фарҳангӣ Тоҷикистонро ҳайати ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» муаррифӣ менамояд. Намоишнома аз рӯи асари А. Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шуда, коргардони он Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов мебошад.Дар фестивал тибқи барнома вохӯрӣ ва мубоҳисаи эҷодӣ бо ҳунармандону коргардонҳои машҳур, мунаққидони театр, муаллифон ва баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст.Дар ин бора Зиёбой Тошев, муовини директори Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Сентябрь 6, 2012 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад