Cармоягузории ширкатҳои бузурги Фаронса ба Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2012 14:28

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруа доир гардид.  Аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот Ш. Раҳимзода аз рушди бемайлони ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Фаронса изҳори хушнудӣ намуда, афзуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар оянда низ омодааст, то дар густариши ҳамкориҳо саҳмгузор бошад. Дар навбати худ, Дидйе Леруа аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамчун сафир ҷиҳати вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои мухталиф аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.

Сентябрь 17, 2012 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад