Дар 9 моҳ — 292 ҳазору 250 тонна ангишт
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт фаъолияти худро дар соли ҷорӣ самаранок гардонида, иҷрои нақшаро то имрӯз қариб ду баробар нисбат ба соли гузашта зиёд намуданд,- иттилоъ доданд аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, то 24-уми сентябри соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 292 ҳазору 250 тонна ангишт истихроҷ намудаанд. Истихроҷи ангишт нисбат ба нақшаи пешбинишуда аз аввали соли 2012 ба андозаи 125 ҳазору 261 тонна ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 141 ҳазору 230 тонна зиёд аст. Дар назар аст, ки ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт то 27-уми сентябр ба 300 ҳазор тонна расонида шавад, ки ин нисбат ба соли сипаришудаи 2011 қариб 200 фоизро ташкил медиҳад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






