Директори ҶДММ «Тезпур» дастгир шуд

Сентябрь 11, 2012 16:25

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 6-уми сентябри соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд муайян намуданд, ки директори ҶДММ «Тезпур» Маҳмуд Насруллоевич Раҳматови 33- сола, сокини маҳаллаи 12-и шаҳри Хуҷанд тибқи шартномаи қабули пардохтҳо аз 1-уми сентябри соли 2010 бо ҶСПКМ «Сомонком» ҳамкорӣ намуда, дар давраи фаъолияти кориаш бо маслиҳати пешакӣ бо муҳосиби ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» Абулатиф Абдуманнонович Қаюмови 36 -сола, сокини маҳаллаи 19-и шаҳри Хуҷанд, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои муҳосибии 10-адад фармоиши пулӣ барои гузаронидани маблағҳои пулӣ ба миқдори умумии 3 230 000 сомонӣ дар моҳи майи соли 2012 тайёр кардаашро ба почтаи электронии ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» ирсол намуда, бо ин роҳ маблағи мазкурро азхуд намудааст. Инчунин шаҳрванд М.Н. Раҳматов 2320670-сомонӣ маблағи пулии қабули пардохтҳои муштариёнро ба ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» аз муҳосиботи ҶДММ «Тезпур» дар асоси ҳуҷҷатҳои муҳосибие, ки дар ихтиёраш қарор доштанд, гирифта, ба муҳосиботи ҷамъияти мазкур ҳисобот пешниҳод накарда, ҷамъ маблағи умумии 5 550 670 сомониро азони худ намуда, барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Хабари мазкур дар сомонаи расмии ВКД интишор шудааст.

Сентябрь 11, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад