Ду бонуи фарҳангӣ аз истиқлолият менозанд
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар»)- Имрӯзҳо мо дар арафаи 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз ин рӯ дар ҳама ҷо сухан аз озодиву ободӣ меравад. Қобили зикр аст, ки баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани қонуну санадҳои муайян занон низ дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ озодона фаъолият мекунанд, ки бешак ин аз баракати истиқлол аст. Дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Хайруллоҳ бо ду тан бонуи фарҳангии кишвар — Ҳуриннисо Ализода, сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва шоираи шинохта Меҳринисо сӯҳбат намуда, андешаҳои эшонро нисбат ба Истиқлолият ва дастовардҳои он пурсон шуд. Ҳуриннисо Ализода: — Дастовардҳои давлати Тоҷикистон дар даврони истиқлолият хеле зиёданд ва муҳимтарини он истиқлолият афкор аст. Дар тӯли 21 соли истиқлолият воситаҳои ахбори омма хеле рушд ёфтанд. Аз ҷумла, телевизиону радио, рӯзномаю маҷаллаҳо пайваста дар хизмати мардум қарор гирифтанд ва сомонаҳои интернетии зиёде рӯи кор омадаанд,ки ин омил ба мардуми тоҷик дар самти дастрас намудани иттилои фаврӣ мусоидати ҷиддӣ намуд. Имрӯз мо метавонем тавассути сомонаҳои интернетӣ бо кишварҳои ҷаҳон дар тамос шуда, ба якдигар иттилоъ диҳем,ки дар гузашта чунин имконро мо надоштем. Масалан, дар солҳои пеш тавассути як шабакаи телевизионӣ дар як шабонарӯз шаш-ҳашт соат барнома пахш мегардид. Хушбахтона, имрӯз 4 шабакаи телевизионии мо қариб,ки шабонарӯзӣ пахш мегарданд. Имрӯз радиоҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, оҷонсиҳои иттилоотӣ пайваста ба мардум иттилоъ медиҳанд, ки ҳамаи ин дар самти густариши афкори умум нақши муассир гузоштанд.Бубинед, дар 21 соли истиқлолият, ки дар назди таърих фурсати андакест, мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Имрӯз шуури сиёсии мардум пеш рафтаву рӯз аз рӯз сафи камбизоатон кам гашта истодааст. Мардум ба дарки мафҳуми давлати дунявию озод рафта истодаанд. Занони тоҷик имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолият намуда, самти фаъолияти худро озодона интихоб менамоянд.Пас, рисолати ҳар як ин соҳибватан аст, ки бо шукргузорӣ аз даврони осоиштагии Ватан барои фардои дурахшони ин марзу буми аҷдодӣ мубориза барад. Меҳринисо: Ҳарчанд ин 21 сол аз нигоҳи таърих фурсати чандон тӯлонӣ нест, аммо чун ба пешрафту тараққиёт ва дигаргунии мардуми кишвар назар мекунем, гумон мекунем, ки садсолаҳо гузаштааст. Ҳоло дар риштаи сиёсат,илму фарҳанг дастовардҳо зиёд гардидаанд,ки онҳоро бо забон гуфтан осон нест. Имрӯз Тоҷикистонро давлатҳои зиёди тараққикардаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, озоду дунявӣ шинохтаанд. Робитаҳои дӯстии мо бо аксарияти мамлакатҳо таҳким ёфтанд. Маҳз бо шарофати истиқлолият кишвари мо дар чандин созмонҳои байналмилалӣ ҷою мақоми хосаи хешро пайдо кард. Акнун Тоҷикистон низ, дар радифи дигар кишварҳои мутараққии олам дар ҳалли ин ё он мушкилоти сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро нишон медиҳад. Имрӯзҳо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ба системаи маориф таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад ва ин ғамхориҳо ба он боис гардидаанд, ки соҳаи илму маориф рушд ёбад. Хуллас, ҳамаи ин дастовардҳои даврони истиқлолият гувоҳи он аст,ки мо мардуми соҳибмаърифат ва соҳибасолат ҳастем.