Ду бозии даври 16

Сентябрь 17, 2012 16:52

Душанбе, 17 сентябр (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) -Дирӯз дар силсилаи бозиҳои даври 16-уми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ тими «Парвоз» дар сафар тавонист дар дақиқаи 90-ум баъди голи задаи Мансур Ҳакимов соҳибони майдон- дастаи «Ҳосилот»-ро бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб намояд. Дар дидори дуввум «Истаравшан» бар «Зарафшон» бо натиҷаи қотеи 4 бар 1 пирӯз шуд.  Дар рақобати даври баргашти нимниҳоӣ барои Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Регар ТадАЗ» «Гвардия»-ро ноком кард . Футболбозони ин даста ба дарвозаи ҳариф 8 голи беҷавоб зада, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Имрӯз дар ин радиф «Истиқлол» бо «Энергетик» қувва месанҷад. Дар вохӯрии аввал футболбозони «Истиқлол» бо натиҷаи 3 бар 1 ғолиб шуда буданд.

Сентябрь 17, 2012 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид