Душанбею Бишкекро робитаҳои парлумонӣ наздиктар месозанд
Душанбе, 26 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд», гуфт зимни мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо намояндагони парлумони Қирғизистон –муовини раиси Жогорку Кенеши ин кишвар Талант Мамитов ва роҳбари гурўҳи дўстӣ ва ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон Назаралӣ Орипов.Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки барои ду кишвари ҳамҷавор -Тоҷикистон ва Қирғизистон имкониятҳои бештари ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг вуҷуд дорад. Мавсуф зикр кард, ки тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Жогорку Кенеш шароити боз ҳам муносибтареро дар раванди тақвияти ин равобит фароҳам хоҳад овард. Ҳамкориҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ асос ёфта, раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст.Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар сурат гирифта, зикр шуд, ки байни ду кишвар 50 санади ҳамкории байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Душанбе ва Бишкекро ба вуҷуд овардаанд. Инчунин масоили вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои байни минтақаҳои наздимарзии ду кишвар ва авзои минтақа дар меҳвари мулоқоти мусоҳибон қарор дошт.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






