Эҳтиёт-нисфи ҳаёт!

Сентябрь 18, 2012 09:05

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – 9- сентябри соли 2012 соати 12.50 дар ноҳияи Хуросон ронандаи мошини тамғаи «ДЭУ-Матиз» Сафия Исматова, соли таваллудаш 1952, хангоми харакат дар километри 69-уми роҳи Душанбе-Қурғонтеппа аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, мошинро чаппа мекунад, ки дар натиҷа худи ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. 15 сентябри соли 2012 соати 11.30 дақиқа дар ноҳияи Данғара низ ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106» Ҳусайн Убайдов, соли таваллудаш 1950, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромад ва ба мошини тамғаи «Хундай-Старекс», таҳти идораи ронанда Эраҷ Ашӯров, соли таваллудаш 1980 бар мехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.  Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 16 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳўрӣ 34 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 41 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Раёсати БДА аз ҳамаи ронандагон ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба талаботи аломати роҳ итоат намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати Корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Сентябрь 18, 2012 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад