Эмомалӣ Раҳмон: «Ислом танҳо ибодат нест!»

Сентябрь 1, 2012 10:45

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- «Баъзе падару модарон бе дарки оқибатҳои вазнини тақдири фарзанд бачаҳои ноболиғро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар барои таълими динӣ ба муассисаҳои таълимии равияи экстремистӣ мефиристанд. Аксари онҳое, ки имрӯз ба ватан баргардондем, ба забони тоҷикӣ навишта ва хонда наметавонанд». Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ифтитоҳи Мактаби байналмилалии президентӣ дар ҳузури устодону толибилмон ва масъулини соҳаҳои дахлдор иброз намуд. Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳол он, ки дар ислом ҳамаи арзишҳо тибқи мақом ва мартабаи худ арҷгузорӣ шудаанд ва дини ислом дар баробари ибодат ва таълимоти динӣ буданаш, инчунин саршор аз арзишҳои волои некӣ, саховатмандӣ, инсондӯстӣ, адлпарварӣ, илмомӯзӣ ва таҳаммулгароист, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, баъзе падару модарон аз сабаби боло гирифтани ҳисси таассуб фарзандони худро ба чунин роҳи нодуруст раҳнамоӣ мекунанд. Президенти кишвар аз ҳадиси паёмбари ислом: «омӯхтани илм баландтар аз ибодат аст» ёдовар шуда, таълиму тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, дорои ахлоқу одоби ҳамида ва ҳунарманду соҳибкасбро бузургтарин рисолати падару модар ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила ва ҷомеа унвон кард. Дар охир Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он намуд, ки амалӣ гардидани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» то ба ҳол ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашуда, татбиқи воқеии он аз ҳамаи мо, пеш аз ҳама, аз падару модарон андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.

Сентябрь 1, 2012 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад