Героин дар фурудгоҳ

Сентябрь 19, 2012 14:20

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи кормандони гумрук бо истифода аз воситаҳои муосири техникии назорати гумрукӣ як кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ошкор ва ҷилавгирӣ карда шуд.Тавре ки аз шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони дидбонгоҳи гумрукӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри №627 самти «Душанбе-Маскав» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Комрони Борон, соли таваллудаш 1994-ро бо ҷурми даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд.  Дар рафти муоинаи гумрукӣ кормандони гумрук аз зери либоси таҳпӯши боздоштшуда як адад бастаи селофании рангаш сиёҳро, ки дар дохилаш хокаи монанд ба героин дошт, дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи маълумотномаи коршиносон вазни холиси маводи аз шаҳрванд Олимзода Комрони Борон гирифташуда 971,4 граммро ташкил дод, ки ба маводи нашъадори героин мансуб мебошад. Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Сентябрь 19, 2012 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад