Хизматрасонӣ барои ашхоси маъюб
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-21 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ бахшида ба 20- солагии таъсиси Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти меҳнатии маъюбон бо табобатгоҳ» дар мавзӯи: «Инкишофи хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ барои ашхоси дорои маъюбӣ дар Тоҷикистон: ҷанбаи амалӣ» баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки Пажуҳишгоҳ аз қисмҳои илмӣ, клиникӣ ва хоҷагӣ иборат буда, заминаи моддию техникӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, васоити офиятбахшӣ, техникаи ташкилии коргоҳ ва воситаҳои алоқа таъмин мебошад. Вазифаҳои афзалиятноки Пажуҳишгоҳ чунин муайян шудаанд: коркарди сохтори нави ташкилию идораи муассиса, баланд бардоштани қудрати илмии кормандон ҷиҳати ҷорӣ намудани фаъолияти мувофиқ дар сатҳи илмию тадқиқотӣ ва услубӣ, ташкили заминаи моддию техникӣ ва маълумотии зарурӣ, ташкил ва такмили усулҳои тайёр кардану бозомӯзии мутахассисони офиятбахши иҷтимоӣ, кормандони иҷтимоии қисми мобайнӣ, инкишофи ихтисосҳои нав – терапия ба воситаи кор ва эрготерапия дар Тоҷикистон. Пажуҳишгоҳ бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои хориҷию ҷамъиятӣ ҳамкориҳои зичу судманд дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






