Ифтитоҳи филиали нави «Тоҷиксодиротбонк» дар ВМКБ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ “Ховар”, Покиза Махмадбекова). — Дар шаҳраки Ваҳдат — маркази ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи филиали нави “Тоҷиксодиротбонк” баргузор шуд. Ба мухбири АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, ки Сарвари давлат кушоиши филиали нави бонкро дар амри фарогирӣ ва беҳтарсозии хизматрасониҳои бонкӣ ба мардуми минтақаҳои кӯҳистони мамлакат ҳамчун як қадами нав ба пеш арзёбӣ намуда, бо шароити кор ва фаъолияти кормандони он аз наздик ошно гардид. Зимни шиносоӣ бо шароити кории филиали нав Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пиров дастур дод, ки дар рӯзи таҷлили ҷашни Забони тоҷикӣ ба 1300 оилаи ниёзманди ноҳияи Шуғнон ёрии якдафъаинаи моддӣ расонда, хатнасури фарзандони онҳоро баргузор намоянд.Бояд тазаккур дод, ки ин нӯҳумин филиали “Тоҷиксодиротбонк” аст, ки маҳз дар чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ифтитоҳ шудаву амал менамоянд ва ҳамагӣ бо навтарин таҷҳизоти компютерӣ ва идорӣ таъмин гардидаанд.Бо ифтитоҳи филиали нав 32 нафар сокинони ноҳияи Шуғнон соҳиби ҷои кори нав бо музди меҳнати хуб мегарданд.Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки то якуми октябри соли равон дар ҷамоатҳои Сағирдашти н.Дарвоз, деҳоти Баррӯшони н.Рушон, Навободи н.Шуғнон марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ таъсис дода мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






