Ифтитоҳи мактаби Президентӣ аз ҷониби Сарвари давлат дар ноҳияи Данғара
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф овард. Нахуст Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара иштирок ва суханронӣ намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки солҳои охир бо шарофати пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарафманду заҳматпешаамон дар кишварамон раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, дар тамоми қаламрави мамлакат садҳо иншооти таъиноти гуногун қомат меафрозанд ва ба симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳусни тоза зам мекунанд. Соли равон низ ба ифтихори таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ – бистуякумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва бистсолагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон боз садҳо иншооти нави иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла танҳо дар соҳаи маориф беш аз 240 мактаби наву замонавӣ ба истифода дода мешаванд. Сарвари давлат зикр намуд, ки дар ин раванд танҳо соли гузашта дар қаламрави кишвар 211 мактаб барои 34 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 61 мактаб барои 12 ҳазору 700 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Умуман дар замони истиқлолият бо дастгирии давлат дар миқёси кишвар зиёда аз 1 ҳазору 300 мактаби ҳозиразамон сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин шумора 476 мактаби нав ба вилояти Хатлон рост меояд.Танҳо дар зарфи даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Данғара 27 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шудааст.«Муассисаи таълимии имрӯза, яъне мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент сохта шуда, барои таҳсили 640 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Мактаби мазкур аз 27 синфхонаи таълимӣ, ду бинои хобгоҳ барои 440 ҷой, бинои истиқоматии нӯҳошёна барои омӯзгорон, ду китобхона, 10 синфхонаи компютерию лингофонӣ, ҳавзи шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иморатҳои ёрирасони муҷаҳҳаз иборат мебошад», — иттилоъ дод Сарвари давлат. Президенти кишвар зимни суханрониаш таъкид намуд, ки: «мо минбаъд низ бунёди мактабҳои нави замонавиро идома хоҳем дод. Масалан, мо ният дорем, ки то оғози соли хониши оянда дар шаҳри Кӯлоб боз як мактаби Президентиро барои 640 нафар хонандагони болаёқат, ки ҳоло сохтмонаш босуръат идома дорад, ба истифода супорем. Ҳадафи мо аз вусъат додани корҳои бунёдкорӣ дар соҳаи маориф, сохтмони таълимгоҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи замон ва муҳайё намудани шароити хуби таълимӣ, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки кӯдакону наврасони Ватани азизамон бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил карда, аз дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир баҳравар бошанд ва дар оянда ҳамчун фарзандони номбардори халқи бошарафу фарҳангсози тоҷик ба камол расида, дар пешрафти давлати соҳибистиқлол ва ободии сарзамини муқаддасамон саҳми арзандаи худро гузошта тавонанд».