Истеҳсоли хишт меафзояд
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 83 корхонаи хурду миёнаи хиштбарорӣ фаъолият дошта, 2235 нафар коргарро фаро гирифтааст. То моҳи сентябри соли равон ба миқдори 65 миллиону 189,5 ҳазор дона хишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,5 миллион дона хишт зиёд мебошад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2012 «Дар бораи тасдиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» дар 8 моҳи соли ҷорӣ 5 корхонаи нави хиштбарорӣ- ҶДММ «Нур-С»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҶДММ «Фирӯз-бинокор»-и шаҳри Ваҳдат, ҶДММ «Импекс»-и ноҳияи Ҳисор, ҶДММ «Шаҳрзод»-и шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Гулдаст»-и ноҳияи Мӯъминобод бо таъсиси 120 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар айни замон бо дастгирӣ ва мусоидати вазорат сохтмони якчанд корхонаи хишт дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ идома дошта, баистифодадиҳии онҳо то охири соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






