Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 14 сентябр (АМИТ «Ховар).- Дар шабонарӯзи охир дар Интернет мақолае таҳти унвони «Дар сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон тирандозӣ ба вуқӯъ пайваст» пайдо шуд, ки дар он дар бораи аз тарафи сарҳадбони тоҷик захмӣ шудани сарҳадбони ӯзбек гуфта шудааст. Маркази матбуоти Саридораи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ изҳор кардааст, ки 11 сентябри соли равон, соати 12.00 дар мавзеи харобаҳои Чапани ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон низомии мусаллаҳи дастаи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон савори асп сарҳади давлатиро вайрон карда, ба масофаи 150-200 метр марзи Ҷумҳурии Тоҷикистонро рад кард ва бо дурбини телефони мобилӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин афродеро, ки дар наздикии сарҳад ба корҳои кишоварзӣ машғул буданд, наворбардорӣ намуд. Сардори дастаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вайроншавии сарҳади давлатиро ба қайд гирифта, бо фарёд фармон дод ва талаб кард, ки вайронкунанда ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргардад. Вале вайронкунандаи сарҳади давлатӣ ба дархости сарҳадбони тоҷик беэътиноӣ зоҳир кард. Он вақт сардори дастаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, то вайронкунандаро боздошт намояд. Дар ин сурат дигар низомиёни дастаи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сӯи сарҳадбонони тоҷик, ки мехостанд вайронкунандаи сарҳади давлатиро боздоранд, тирпаррониро оғоз карданд. Сарҳадбонони тоҷик бо мақсади худмуҳофизат ҷавобан оташ кушоданд. Вайронкунандаи сарҳади давлатӣ аз фурсат истифода бурда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон пинҳон шуд. Ба маҳали ҳодиса намояндаи дастгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард, ки дар рафти тафтиши маҳали воқеа ба ӯ далоили вайронкунии сарҳади давлатӣ пешниҳод карда шуд. Дар айни ҳол тафтишоти муштарак шурӯъ шуда, оид ба такрор нашудани чунин воқеаҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Бояд қайд намуд, ки ин ҳодисаи якум нест, ки то ба ҳол рух додааст. Ҳамин тариқ, 1 сентябри соли равон тақрибан соати 12.00 дар мавзеи харобаҳои Чапани ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд се нафар сарҳадбони дидбонгоҳи сарҳадии «Чилламазор»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон савори асп сарҳади давлатиро вайрон карда, ба ҳудуди ҶТ ба масофаи 1000 метр ворид шуда ва бо силоҳ таҳдид намуда, шаҳрванди ҶТ Д.У., соли таваллудаш 1988-ро, ки чӯпонӣ мекард, ба зӯрӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурданд. Қатъи назар аз изҳороти намояндаи сарҳадии ҶТ аз ҷониби намояндаи сарҳадии ҶӮ дар бораи ҷойгиршавӣ ва ҷиҳати боздошти Д.У. ягон посухе наомадааст. Илова бар ин, сарҳадбонони ӯзбек ба вохӯрии намояндагии сарҳадӣ, ки роҷеъ ба ин воқеа шуда гузашт, ҳозир нашуданд.Чандин маротиба мешавад, ки ҷониби Ӯзбекистон интизори натиҷаи тафтишоти расмии ҳодиса нашуда, дар матбуот сарҳадбонони тоҷикро гунаҳкор мекунад. Дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон барои муташанниҷ нагардонидани вазъият дар сарҳади давлатӣ аз изҳороти пешакӣ дар васоити ахбори омма худдорӣ менамояд.Саридораи қӯшунҳои сарҳадӣ умед дорад, ки дар оянда ҳамкорони ӯзбек дар асоси талаботи Созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Шартномаи сарҳади давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2002, ки 24 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолият намуда, хатти интизомро дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон риоя мекунанд ва тафтишоти муштараки ҳаққониро роҷеъ ба ҳаводиси сарҳадӣ, ки ба манофеи тарафайн аст, мегузаронанд. Роҳбарияти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талошҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Хадамоти Амнияти Миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кори дастгирии муносиботи дӯстона дар асоси ҳамкориҳои муфид ва ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баланд дода, барои муколамаи созанда ва бошарафона доир ба масоили дастгирии низоми сарҳади давлатӣ миёни ҳарду кишвар омодагии хешро иброз медорад.Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон