Конфронси илмӣ бахшида ба рӯзи забон
Душанбе, 18 сентябр, (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Имрӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Ваҳдат таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими ислоҳот» конфронси илмию ималӣ баргузор гардид. Дар конфронс як қатор барномаҳо: «Қолабҳои вожасозӣ дар номгузории бонкҳо», «Масъалаҳои татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи илм», «Баъзе масъалаҳои истифодаи истилоҳот дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вижагиҳои забон ва истилоҳоти бахши ҳуқуқ», «Як сарчашмаи такомули истилоҳоту муштақоти забони тоҷикӣ» ва мавзӯъҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ифтитоҳи конфронс раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов таъкид намуд: «Дар даврони истиқлолият барои рушди забони давлатӣ имкониятҳои бештар фароҳам омада ва бо нерӯву тавони миллӣ дар суннатҳои таърихӣ эҳё гардид. Имрӯз забони тоҷикӣ дар қатори забонҳои ҷаҳон мақоми хосса касб намуда, ҳамзамон дорои таҳаввулот ва мушкилоти хеш мебошад, ки яке аз ин мушкилот танзим ва истилоҳоти забон маҳсуб мешавад». «Бо қабул шудани Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон,соли 1998 ба Кодекси давраи шӯравӣ зиёда аз 800 тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки танҳо 720- тоаш ибораҳои лафзию забонӣ буд»,афзуд зимни суханронӣ Анвар Сафаров. Ҳамчунин дар конфронс олимону донишмандони зиёд аз донишгоҳҳои Кӯлоб ва Хуҷанд иштирок намуда, доир ба масъалаҳои истилоҳоти забони давлатӣ ибрози назар намуданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






