Корвон ба коми оташ рафт

Сентябрь 6, 2012 09:21

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Тақрибан соати 17-у 40 дақиқаи шоми дирӯз дар бозори калонтарини пойтахт- «Корвон» сӯхтор ба амал омад. Аз Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар айни замон раҳбарият ва кормандони ин хадамот дар маҳалли ҳодиса қарор доранд, то сабабҳои сар задани сӯхторро маълум намоянд. Ин манбаъ гуфт, ки чунин сӯхтор дар таърихи кишвар бори аввал ба вуқӯъ пайвастааст ва яке аз сабабҳои дар муддати кӯтоҳ масоҳати зиёдро фаро гирифтани оташ вазидани шамол буд. Ҳарчанд масъулини Хадамоти оташнишонӣ сабаби сар задани сӯхторро «номаълум» гуфтанд, вале фарзияҳои зиёде миёни савдогарон вуҷуд дорад. Ба гуфтаи як нафар шоҳид ҳангоми сӯхтор теъдоди зиёди мошинҳои сӯхторнишон дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд ва талош мекарданд, то ҳар чӣ зудтар шӯълаи оташро хомӯш кунанд, вале аз сабаби он, ки ҳамаи мошинҳо дуди оташро дида, дар роҳ истоданд, ин ҳолат ба оташнишонон имкони сари вақт ба ҷои ҳодиса расидану зуд хомӯш кардани сӯхторро надод. Дуди ғализи ин сӯхтор фазои маҳаллаҳои атрофи бозорро фаро гирифта буд.Як нафари дигар аз фаъолияти посбонҳои «Корвон» изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт: «ҳамаи борам ба коми оташ рафту хокистар шуд. Мо ҳар сари моҳ барои патент, барои иҷора ва ҳатто барои посбонҳо пул месупорем, бояд онҳо ин маконро назорат мекарданд». Ёдовар мешавем, ки бар асари ин сӯхтор ҳам хисороти моливу ҳам ҷонӣ расидааст.
 
 

Сентябрь 6, 2012 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад