М. Шакурӣ дар «Лучоб» ба хок супорида шуд
Душанбе, 17 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Ҷасади донишманди нотакрори тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки субҳи рӯзи якшанбе аз олам даргузашт, дар оромгоҳи «Лучоб»-и Душанбе ба хок супорида шуд. Зӯҳри имрӯз дар назди хонаи шодравон гурӯҳи зиёди шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанг ва сохторҳои марбутаи кишвар, инчунин сафирони Эрону Афғонистон ҷамъ омаданд ва дар гирдиҳамоии видоии ин донишманди шаҳири тоҷик суханронӣ карданд. Донишмандону зиёиён ва шогирдону дӯстон ва сафирони кишварҳои ҳавҷавор, ки ҷасади донишманди маъруф Муҳаммадҷони Шакуриро иҳота мекарданд, ҳама марги ӯро фоҷиаи бузург барои адабу фарҳанги Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон медонистанд. Мамадшо Илолов, раиси Академияи илмҳои ҶТ ҳангоми ифтитоҳи маъракаи гирдиҳамоии ин академик гуфт: «Шакурӣ нафаре буд, ки дар тӯли ҳаёти 86- солааш анқариб 50 китоб ва 500 мақолаи илмиву тадқиқотӣ ба табъ расонидааст ва барои фаҳмонидани нақши илм дар ҷомеа, робитаи илм ва ҷомеа хизмати арзандае кардааст». Абдулҳамид Самадов, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфт: «Устод Шакурӣ ҳамчун як донишманд, ҳамчун як инсони наҷиб дар илму адаби тоҷик як мактаби хоси тадқиқи адабиро доштанд», Акбари Турсун, директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми кишвар Шакуриро ибрате барои насли баъдии адабиёт унвон кард. Донишманд ва сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст бо таассуф аз марги нобаҳангоми узви Фарҳангистони забон ва адаби Эрон афзуд: «Муҳаммад Шакурӣ танҳо як шахс дар ҷомеаи илму фарҳанг набуд, балки ҷойгоҳи рафеъ дар ҷомеаи фарҳангӣ дошт, ки ҷои ӯ солҳо дар ин ҷода холӣ хоҳад монд». Сафири Эрон гуфт: «Шакурӣ дар канори Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва дигарон аз бунёдгузорони адабиёти тоҷик буд». Доктор Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе низ бо таассуф ҳамдардии ҳукумат ва мардуми Афғонистонро барои хонаводаи Муҳаммадҷон Шакурӣ ва мардуми тоҷик арза дошт. Муҳаммадҷон Шакурӣ 87 сол дошта, ахиран аз дарди гурда ранҷ мекашид ва барои табобат ба Эрону Бритониё низ сафар кардааст. Чанд муддати охир дар бемористони Ибни Синои пойтахт аз бемории саратони ғадуд ранҷ мебурд ва субҳи рӯзи 16-уми сентябр аз дунё чашм пӯшид.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






