Маросими таҷлил аз 21-солагии истиқлолияти кишвар
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Шоми дирӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» тантанаи бузурги идона бахшида ба 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин базми идонаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо суханронии худ ҳусни оғоз бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи суханронии кӯтоҳи худ аз арзишҳои мӯътабари миллӣ, аз ҷумла истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, ҳифзу таҳкими онро вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар хонд. Дар тантанаи таҷлил аз 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ва инчунин ҳазорон нафар сокинони кишвар бо рӯҳи болида иштирок намуданд. Намоиши театрикунонидаи аҳли ҳунар, ки фарогири сурудҳои ҷаззоб дар васфи ёру диёр ва мусиқиҳои дилнишину рақсҳои зебо буд, ба ин тантана шукӯҳи дучанд бахшид. Маросими таҷлил аз 21-умин солгарди истиқлолияти кишвар бо суханронии интиҳоии Эмомалӣ Раҳмон ба охир расид. Президенти кишвар ба аҳли санъат ва ҳунар, ки дар таҳия ва омодасозии намоиши театрикунонидашуда заҳматҳо кашидаанд, арзи сипос намуда, ба эшон дастагули зебоеро ҳадя намуд. Бо ҳамин тантанаи таҷлил аз 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






