Медалҳои сарисинагӣ ба афсарону сарбозон
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Қисми ҳарбии 35-02 Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов иштирок намуда, аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар гардид ва ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба хизмати содиқона ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят намуд.Ҳамчунин дар рафти ин чорабинӣ теъдоде аз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ бо нишону медалҳои сарисинагӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






