Мукофотҳои давлатӣ ба кишоварзони варзида

Сентябрь 7, 2012 16:34

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2012 ба 14 нафар корманди беҳтарини соҳаи кишоварзӣ медали «Хизмати шоиста» ва ифтихорномаҳо дода шуд. Ба ин муносибат имрӯз дар вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.   Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон табрик намуда, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон мукофотҳои давлатиро ба кормандони соҳаи кишоварзӣ супорид. Бо медали «Хизмати шоиста» Мирбадӣ Бадалов-раиси кооперативи истеҳсолии «Деҳбурун»-и ноҳияи Мастчоҳ, Имон Валиев- сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Бохтар, Зайнулло Қаҳҳоров-раиси хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и ноҳияи Бохтар, Абдулҳақ Муфтоев-раиси хоҷагии деҳқонии «Суҷида»-и ноҳияи Ашт, Саидмурод Назаров –раиси хоҷагии деҳқонии «Давлат»-и шаҳри Роғун, Маҳмадалӣ Одинаев, сардори ҷамъияти саҳомии кушодаи «Мурғи Ҳилол»-и ноҳияи Файзобод, Ҳабибулло Раҳимов сардори Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ, Маҳмадшариф Рӯзибоев –механизатори кооперативи истеҳсолии ба номи Фирдавсии шаҳри Панҷакент, Хуҷавалӣ Сафаров- мудири кафедраи истифодаи парки мошину тракторҳои ДАТ ба номи Шириншо Шотемур, Момохол Тағоева-сардори бригадаи хоҷагии деҳқонии ба номи Назарови шаҳри Турсунзода, Яҳёхӯҷа Тухтаев- мудири шӯъбаи селексия ва тухмипарварии пахтаи филиали суғдии Институти зироаткории АИКТ, Тағойбек Худойназаров- раиси кооперативи истеҳсолии «Файзи кӯҳсор»-ноҳияи Рӯдакӣ, Василахон Ҷалолова-сардори кооперативи истеҳсолии хоҷагии деҳқонии «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара ва бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Соатов-сарагрономи хоҷагии ниҳолпарварии ба номи М.Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав мукофотонида шуданд.

Сентябрь 7, 2012 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад