Мукофот муборак!

Сентябрь 8, 2012 10:38

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 21-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ ба як гурӯҳ аҳли фарҳанг ва ҳунари тоҷик баргузор гашт. Мукофотҳои давлатиро ба аҳли ҳунар ва фарҳанг ҷонишини Сарвазири кишвар Руқия Қурбонова супурд. Исфандиёр Ғуломов –Ҳунарпешаи театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, сарвари театр-студияи ҳазлу мутоибаи «Хандинкамон»- Муқим Абдулфаттоев, Фазила Мамедова-овозхони опера, устоди саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Ҷӯрабой Сангов- мудири дафтари методии мактабҳои бачагонаи санъат ва мусиқии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, овозхони оркестри эстрадии «Гулшан» — Зиёда Қадамова, сармуҳаррири рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат Нуриддини Амриддин, муаллими калони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Хушбахт Беков ва директори кулли осорхонаҳои таърихию кишваршиносӣ ва ёдгориҳои таърихию меъмории шаҳри Исфара Абдуманон Раупов бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.
 
Бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Туйғинҷон Аргатов-омӯзгори мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев, Шамсулло Аҳадов-мудири бахши фарҳанги ноҳияи Балҷувон, Орзу Хоҷамова –ҳунарманди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Рауф Раҳматов- сарвари мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, Сӯҳроб Раҷабов- раиси интишороти «Эр-граф» мукофотонида шуданд.Дар ин бора сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.  

Сентябрь 8, 2012 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад