Мулоқоти А. Холиқов бо роҳбаладони Ҳаҷ-2012
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- 22-уми сентябри соли ҷорӣ дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси кумита Абдураҳим Холиқов бо роҳбаладони мавсими Ҳаҷ-2012 баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба омода намудани зоирини тоҷик ба Ҳаҷ, риояи фарҳанги исломӣ дар хонаи Худо, дар сатҳи баланд хидмат расонидан ба зоирин ва дигар масоили вобаста ба фаъолияти роҳбаладон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси кумита аз роҳбаладон даъват ба амал овард, ки барои хидмат расонидан ба зоирин тамоми ҷаҳду кӯшиши худро дареғ надоранд. Тибқи барномаи Кумитаи корҳои дин ҳар як роҳбалад бояд тӯли беш аз як моҳ бо гуруҳи зоирине, ки онро роҳбаладӣ мекунад, дарсҳои омодабошӣ гузаронад. Дар сурати анҷом надодани уҳдадориҳои худ роҳбалад метавонад аз рӯйхати роҳбаладон соқит гардад. Бояд зикр намуд, ки имсол беш аз 10 нафар роҳбаладони соли гузашта бе супоридани ҳеҷ гуна имтиҳон ба рӯйхати роҳбаладон ворид гардиданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






