Мулоқоти С.Девонаев бо коршиносони БҶ
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар шаҳри Душанбе мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии Сударшан Канагароҷ баргузор гардид. Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Сафиалло Девонаев ба меҳмонон аз вазъи масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар ва нақшаҳои кори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ҳалли проблемаҳои мавҷуда нақл кард. Роҳбари барномаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сударшан Канагароҷ дар навбати худ зикр намуд, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бояд роҳҳои ҳалли проблемаҳои соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро пайдо намояд. Ӯ дар баробари ин иброз дошт, ки Тоҷикистон дар ин бахш ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






