Намоишгоҳи маҳсулоти Чин дар Душанбе

Сентябрь 17, 2012 11:32

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз 18 то 21 сентябри дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ баргузор мегардад. Намоишгоҳ ба муносибати 20-солагии ҷашни Ичлосияи XVI-уми тарихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.Мавзӯи асосии намоишгоҳ, ки бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, ҳамкории мутақобилан муфид аст. Дар намоишгоҳ ба маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва саноат таваҷҷӯхи хосса дода мешавад. Дар ҳошияи намоишгоҳ ҳамоиши аҳли тиҷорати Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғур ва муаррифии Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Кошғар ва ғайра дар назар аст. «Бо камоли итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон барои соҳаи тиҷорати Чин шарики басо ҷолиб маҳсуб меёбад»- гуфт муовини директори генералии маъмурияти ҳамкории наздисарҳадӣ Сопи Мутолиб.Қобили зикр аст, ки тайи даҳ соли охир муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Чин сад баробар афзуда ва муомилоти солонаи он бештар аз 2 миллиард долларро ташкил дод. Дар Тоҷикистон якҷоя бо мушорикони чинӣ беш аз 50 лоиҳаи калони муштараки сармоягузорӣ рӯи кор оварда мешавад.

Сентябрь 17, 2012 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад