« Неъмат» дар коркарди пахта фаъол аст
Кӯлоб, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Имрӯзҳо қабули пахта ва коркарди он дар корхонаҳои саноатии минтақаи Кӯлоб муташаккиллона ҷараён дошта, хоҷагиҳои деҳқонӣ ашёи хоми худро мувофиқи шартнома ба корхонаҳои мазкур равона месозанд. Дар ин самт Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Неъмат»-и ноҳияи Восеъ фаъол буда, то инҷониб 2200 тонна ашёи хомро ба корхона ворид ва коркард кардааст. Алихон Қурбонов, директори корхона гуфт, ки масъулини корхона бо 350 хоҷагии деҳқонӣ шартнома дошта, ашёи хомро аз роҳбарияти хоҷагиҳо бо нархи 500 долларӣ харида, барои коркард ба корхона ворид месозанд. Ба гуфтаи манбаъ дар айни ҳол корхона дар ду баст фаъолият дошта, 155 нафар коргар дорад. Корхона дар ҳолати таъмин будан бо ашёи хом ва доимӣ будани барқ метавонад то 20 000 тонна ашёи хомро коркард намояд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






