Нозирони тоҷик ба Беларус мераванд
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 23 сентябр дар Ҷумҳурии Беларус интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Дар робита ба ин фардо, 21 сентябр намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати мушоҳидаи ҷараёни баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба пойтахти ин кишвар- шаҳри Минск сафар мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси Комиссияи мазкур Раҷабмурод Ашўров дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузории интихоботи парлумонии Беларусро мушоҳида менамоянд. Ҳамзамон ду нафар вакили палатаи поёнии парлумони кишвар-Маҷлиси намояндагон ба ин ҳайат шомиланд. Тибқи Фармони Президенти Беларус Александр Лукашенко аз 18 июни соли равон санаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар 23 сентябр муайян гардида буд. Алҳол ҷиҳати ноил гардидан ба 110 курсӣ дар палатаи поёнии парлумони ин кишвар- Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Беларус 294 номзад мубориза мебаранд. Танҳо аз ҳайати нозирони ҳайати ИДМ 330 нозир баргузории интихоботи парлумонии Беларусро мушоҳида менамоянд. Сергей Лебедев –раиси Кумитаи иҷроия- котиби иҷроияи ИДМ , роҳбари ҳайати нозирони ИДМ бар он назар аст, ки ҷиҳати баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ дар Ҷумҳурии Беларус тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






