Пешгирӣ аз қочоқи тилло ба Афғонистон
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Охири ҳафтаи гузашта сарҳадбонони тоҷик дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён дар рафти тафтиши воситаҳои нақлиёт қочоқи миқдори зиёди тилло ва асъори хориҷиро пешгирӣ намуданд. Сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Хушнуд Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки сарҳадбонони тоҷик ҳангоми тафтиши мошини шахсии КАМАЗ, ки ба сокини 50-солаи шаҳри Қурғонтеппа тааллуқ дошт, дар кабинаи он махфигоҳ ёфтанд, ки дар дохили он 2 кг 100 грамм маводи тилло ва 50 ҳазор доллари ИМА пинҳон карда шуда буд. Зимни тафтишот маълум гардид, ки ронанда ният дошт ин миқдор тилло ва асъори хориҷиро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол диҳад.Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






