Равобити байнипарлумонӣ рушд меёбад
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Бо даъвати Бундестаги Олмон 24 сентябр сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон оғоз ёфт.Ба ҳайат вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин сафар мулоқоту сӯҳбатҳои вакилони парлумони Тоҷикистон бо раис ва аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон-Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон, роҳбарон ва аъзои кумитаҳои парлумони Олмон оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва технологияҳо, сиёсати иҷтимоӣ, ҳуқуқ, сиёсати хориҷӣ ва мудофиа сурат мегирад. Ҳайати Тоҷикистонро муовини раиси Бундестаг ҷаноби Эдуард Освалд ба ҳузур мепазирад.Дар ҷараёни сафар ҳамчунин мулоқоти ҳайати Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва сӯҳбатҳо бо намояндагони бунёдҳои сиёсӣ ва аҳли тиҷорати Олмон низ дар назар аст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






