Рисолаи нави Камолиддинов
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Китоби нави доктори илмҳои филология, Ходими шоистаи илму техникаи Тоҷикистон, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳлили адабии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов «Синонимияи синтаксисӣ дар забони адабии имрӯзаи тоҷик» аз чоп баромад.
Рисолаи илмӣ ба масъалаи мубрами забоншиносии муосир-синонимияи сарфу наҳв дар забони адабии тоҷикӣ бахшида шудааст. Профессор Баҳриддин Камолиддинов муаллифи бисёр рисолаҳои илмӣ, аз қабили «Забон ва услуби Ҳаким Карим», «Синонимияи синтаксисӣ ва фарҳанги нутқ», маҷмӯаи мақолаҳои «Масъалаҳои баҳсталаби синтаксиси забони тоҷикӣ» ва ғайра мебошад. Мавсуф дар татбиқи принсипҳои Қонун дар бораи забони давлатӣ, табъу таҳрири китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ барои мактабҳои миёна ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ, ҳамчунин тарбияи олимони ҷавони бахши забоншиносӣ фаъолона иштирок менамояд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






