Шикасти тими «Дордой» аз «Истиқлол»

Сентябрь 25, 2012 10:25

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Сабқат барои ба даст овардани Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) аз дирӯз дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд. Дар бозии аввал миёни дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо футболбозони «Дордой»-и Бишкек, ки соати 16-00 шурӯъ гардид, футболбозони тоҷик ҳарифони қирғизи худро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карданд. Голи аввали дастаи «Истиқлол»-ро дар дақиқаи 39-ум Даврон Эргашев бо сар вориди дарвозаи ҳарифон кард. Голи дуввуми дастаи «Истиқлол»-ро Маҳмадалӣ Содиқов дар нимаи дуюми бозӣ дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонд.  Бозии дуюм миёни дастаҳои «Тайван Пауэр Компани» – «Ал-Аммарӣ» соати 19.00 шурӯъ шуд, ки ин бозӣ мусовӣ: бо натиҷаи 1-1 анҷом ёфт. Сабқатҳо миёни 6 дастаи Осиё то рӯзи 30-уми сентябр идома мекунанд. Ва ғолиби бозӣ бо 50 ҳазор доллар қадрдонӣ мешавад.

Сентябрь 25, 2012 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад