Тӯҳфаи «Тоҷик Эйр» ба Донишгоҳи техникӣ
Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Чанде пеш Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ҳавопаймои сохти шӯравии «Як-40»-ро ки ҳоло мавриди истифода қарор надорад, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тақдим намуд. Тавре ки аз «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин ҳавопаймо чун воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни донишгоҳи мазкур истифода мешавад. Мувофиқи суханони манбаъ, ҳавопаймои зикршуда беш аз 20 сол дар ширкати «Тоҷик Эйр» мавриди истифода қарор гирифта, дар хатсайрҳои Душанбе-Бишкек, Душанбе-Алмаато ва Душанбе-Хоруғ парвоз мекард.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






