Талошҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз худкушӣ

Сентябрь 17, 2012 15:30

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯзҳо масъалаи худкушӣ ба сифати зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва равонӣ миёни аҳолӣ, бахусус насли наврасу ҷавони ҷомеа ба масъалаи муҳим табдил ёфта, зарурати баррасии он ба вуҷуд омадааст. Бо ибтикори Анҷумани байналмилалии ҷилавгирӣ аз худкушӣ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт 10 сентябр — Рӯзи байналмилалии ҷилавгирӣ аз худкушӣ эълом шудааст.Масъалаи худкушӣ аз масоили умдаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва билохира фарҳангӣ буда, баррасии он ба таври густурда дар доираи улуми фалсафӣ ва тиббӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар робита бо ташхис, пайгирӣ ва рафъи мушкилоти мазкур ниҳодҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар миқёси қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ чорабиниҳои судманд анҷом медиҳанд.Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии имкониятҳои ҷавонон” силсилаи чорабиниҳои фарҳангию фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирии омилҳои худкушӣ миёни ҷавонони деҳот дар мисоли ноҳияи Рӯдакӣ пешбинӣ менамояд. Ҳамин гуна, 15 сентябри соли равон дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии №32-и ҷамоати деҳоти Русия ва №34-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бо намояндагони ҷавонон ва ниҳодҳои марбута вохӯрӣ доир гардид. Зимни ин вохӯриҳо коршиносон масъалаи худкушӣ ва роҳҳои пешгирии онро дар байни ҷавонони деҳот фаҳмониданд. Зикр гардид, ки мутобиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамарӯза дар ҷаҳон беш аз се ҳазор нафар бар асари худкушӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз ҳар 20 фарде, ки дар ҷаҳон талош ба худкушӣ мекунанд, як нафар бар асари он ҷон медиҳад.

Сентябрь 17, 2012 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид